Слова песни Daler Nazarov — Rudaki


Полный текст песни


Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чи дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое.
Чи кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!
Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!
Яке з-ин барзане нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе.
Чи сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!

Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Биё, инак нигоҳ кун рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.
Простите, если есть ошибки...



Текст добавил: Андрей Курышев